Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавони тоҷикро аз шаҳрвандии Русия маҳрум карданд


Як ҷавони тоҷикистониро барои ҳозир нашудан ба комиссариати ҳарбӣ, аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардаанд.

Ба навиштаи расонаҳои маҳаллии вилояти Рязанск, ин ҷавони 21-сола даъватнома гирифт, аммо аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ намуд. Аз ӯ ном бурда нашудааст ва назараш ба қазия маълум нест.

Ба ҷуз маҳрум кардан аз шаҳрвандии Русия, ҷавони тоҷикистониро ҷарима ҳам кардаанд.

Пеш аз ин дар аввали моҳи апрел, як зодаи дигари Тоҷикистонро дар вилояти Рязан аз шиносномаи русӣ маҳрум карда буданд.

Хабаргузории давлатии "РИА Новости" рӯзи 4-уми апрел навишт, "сини ин шаҳрванди Тоҷикистон барои хидмат дар артиш мувофиқ буд, вале бе сабаб дар комиссариат ҳозир нашуд".

Баъди оғози ҷанги бедалели Русия алайҳи Украина, тарси ҷавонони тоҷикистонӣ аз пайвастан ба артиши Русия бештар шудааст.

То ин дам хабари кушта шудани чандин зодаи Тоҷикистон дар ҷанги зидди Украина расонаӣ шудааст. Як қисми онҳо маҳбусон ва бархе афсарони қарордодӣ буданд.

XS
SM
MD
LG