Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ёддоштҳо"-и Навалний дар Амрико нашр мешавад


Алексей Навалний.
Алексей Навалний.

Китоби ёддоштҳои Алексей Навалний дар бораи фаъолияти мухолифиаш дар Русия, ки навиштани онро соли 2020 дар Олмон оғоз карда буд, тирамоҳи имсол дар Амрико нашр мешавад.

"The New York Times" бо истинод ба нашриёти "Knopf" иттилоъ дода, ки китоби мухолифи рус таҳти унвони "Ватандӯст" дар марҳалаи аввал бо теъдоди 500 ҳазор нусха чоп карда мешавад.

Дар китоб дар бораи айёми ҷавонии Навалний, хонаводаи вай, карйераи сиёсӣ ва сӯиқасд ба ҷони ӯву наздиконаш гуфта шудааст.

Дар нашриёт гуфтанд, ки китобро худи Навалний навиштааст ва баъзе аз қисматҳои онро ба ҷонибдоронаш гуфтааст ва онҳо навиштаанд. Қисмати бештари китоб дар Олмон, ки баъди заҳролудшавияш онҷо табобат мешуд, навишта шудааст.

Алексей Навалний, сиёсатмадори 47-солаи мухолиф ва яке аз мунтақидони сарсахти Кремл, ба иттилои мақомоти Русия, рӯзи 16-уми феврал дар зиндон даргузашт. Ӯ дар маҳбасе дар минтақаи дурафтодаи Ямало-Ненетс нигаҳдорӣ мешуд.

Мақомот марги Навалнийро табиӣ донистаанд, вале ҳамсараш Юлия Навалная ва раҳбарони баъзе аз кишварҳои ғарбӣ мақомоти Русия ва бахусус президент Владимир Путинро масъули марги ӯ донистаанд.

XS
SM
MD
LG