Мақомоти Русия Сандра Андерсен Эйраро ба зархаридӣ муттаҳам карданд, чун ба бовари онҳо, ӯ дар ҳайати Легиони Байнулмилалӣ ба тарафдорӣ аз Украина ва ба зидди Русия ҷангидааст.
Дар ин бора сомонаи "Mediazona" хабар дод.
Эйра аз соли 2017 то 2021 узви Порлумони Норвегия буд. Ба маълумоти саҳифааш дар Фейсбук, ӯ пас аз ҳамлаи Русия ба Украина, ба Легиони Байнулмилалии Нерӯҳои Мусаллаҳи Украина пайваст.
Кумитаи тафтишоти Русия тақрибан 700 хориҷиро, ки дар канори нерӯҳои Украина меҷанганд, ба кофтукоб додааст.
Дар гузашта баъзе аз шаҳрвандони Ҳолланд, Зеландияи Нав, Норвегия, Лаҳистон ва Руминия ғоибона дар Русия ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.