Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз имомҳо дар Узбекистон хостаанд, шиносномаҳои хориҷиро супоранд


Раиси ҷумҳурӣ ва мансабдорони дигари Узбекистон дар як саф бо рӯҳониён
Раиси ҷумҳурӣ ва мансабдорони дигари Узбекистон дар як саф бо рӯҳониён

Аз имомон ва муовинони имомҳои масҷидҳо дар Узбекистон хостаанд, ки шиносномаҳои хориҷиашонро ба Раёсати маънавии мусалмонони ин кишвар супоранд.

Бо ҳамин мазмун имомони ҳамаи масҷидҳо дар Узбекистон рӯзи 3-юми апрел нома гирифтаанд.

Дар номаи Раёсати маънавии мусалмонони Узбекистон дақиқан гуфта нашудааст, ки ба чӣ сабаб шиносномаҳои имомон ва муовинони имомонро ҷамъ мекунанд.

Баъзе аз имомон тахмин мекунанд, ки эҳтимол ин тасмим ба ҳамлаи маргбор дар "Крокус Сити Ҳолл" дар Русия рабт дорад.

Як имом ба шарти ифшо нашудани номаш аз шаҳри Тошканд дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, "онҳое, ки намехоҳанд, шиносномаҳояшонро супоранд, таҳдиди аз кор ронда шудан мегиранд. Мақомот эҳтимол бо ин шева мехоҳанд, аз сафари имомон ба хориҷ пешгирӣ кунанд".

XS
SM
MD
LG