Шаҳрвандони Озарбойҷонро 22-юми март дар маркази шаҳри Бишкеки Қирғизистон боздошт карда буданд.
Дар маҷмуъ 5 кас дастгир шудаанд.
Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, онҳо 20-уми март вориди Бишкек шуда, ҳадафи тақвият додани таъсири ҷиноиро доштанд.
"Муайян карда шуд, ки онҳо дар воқеъ бо гуруҳҳои ҷиноӣ робита доранд ва бо назардошти он ки барои шаҳрвандони Қирғизистон хатар эҷод мекунанд, рӯзи 7-уми апрел ба Озарбойҷон истирдод шуданд", - хабар додааст КДАМ-и Қирғизистон.
Ин дар ҳолест, ки пештар мақомоти Қирғизистон гуфта буданд, озарбойҷониҳои боздоштшуда бо муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимов робита доранд.
Ба илова, КДАМ-и Қирғизистон хабар дода буд, ки аъзои боздоштшудаи гуруҳи ҷиноӣ ба ҷони роҳбарони Қирғизистон суиқасд омода мекарданд.