Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон хабар додааст, ки ҷасадҳо 5 апрел тавассути ҳавопаймои Вазорати дифои ин кишвар ба фурудгоҳи шаҳри Тирмизи вилояти Сурхандарёӣ интиқол дода шуданд.
Қаблан бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки дар натиҷаи як садамаи нақлиётӣ дар Қазоқистон 8 шаҳрванди Узбекистон ҷон бохтааст.
Вазорати умури дохилии Қазоқистон гуфт, ҳодиса 3 апрел дар шоҳроҳи "Самара — Чимкент", дар ҳудуди деҳаи Маржанбулаки вилояти Оқтеппа рух додааст.
Ба иттилои пулис, мошини боркаши "Volvo" бо мошини "Toyota-Аlhpard", ки дар дохилаш шаҳрвандони Узбекистон буданд, бархӯрдааст.
Бино ба маълумоти пешакӣ, чархи мошини боркаш даридааст ва дар натиҷа ронанда идора нақлиётро аз даст дода, ба самти муқобил баромадааст.