Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёддошти тафоҳуми миёни Тоҷикистону Чин барои мубориза бо ҷинояткорӣ


Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода (аз рост) ва Вазири амнияти ҷамъиятии Чин Ван Сяохун. Акс аз khovar.tj
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода (аз рост) ва Вазири амнияти ҷамъиятии Чин Ван Сяохун. Акс аз khovar.tj

Дар Душанбе рӯзи 6 апрел миёни Тоҷикистон ва Чин дар амри муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ ёддошти тафоҳуме ба имзо расид.

Хабаргузории расмии “Ховар” гуфт, зери ин санад дар ҷараёни ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва Вазири амнияти ҷамъиятии Чин Ван Сяохун имзо гузоштанд.

“Дар рафти ҷаласа ҷонибҳо оид ба ошкору пешгирии ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, сепаратизм, мубодилаи иттилоот, пешгирӣ намудани роҳҳои интиқоли маводи нашъадор, ҷиноятҳои киберӣ, таъмини амнияти минтақавӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа, инчунин мавриди омӯзиш қарор додани таҷҳизоти муосир ва тақвият бахшидан ба ҳамкории зичи мақомоти корҳои дохилии ҳарду давлат табодули афкор намуданд”, - гуфта мешавад дар матни хабари расмӣ.

Вазирони тоҷику чин изҳори боварӣ кардаанд, ки ёддошти тафоҳум барои тақвияти ҳамкорӣ дар таъмини амният ва рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат мекунад.

Рӯзи 5 апрел Ван Сяохун бо президент Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кард.

Душанбе ва Пекин шарикони стратегӣ буда, қисмати калони қарзи хориҷии Тоҷикистон ба Чин марбут аст. Ҳамкориҳои ду кишвар ҳам дар чаҳорчӯби созишномаҳои дуҷониба ва ҳам дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба роҳ монда шудааст.

Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин дар миёни мунаққидони Пекин чун яке аз сохторҳои назораткунанда аз болои ҷомеа ва мухолифон дар дохилу хориҷи Чин ва поймолкунандаи озодиҳои фардӣ интиқод мешавад.

XS
SM
MD
LG