Шӯрои уламо рӯзи чаҳоруми апрел дар қароре гуфт, ки "тибқи ҳисоби илмӣ ва бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизика" ба чунин натиҷа расиданд.
Вақти намози ид дар масҷидҳои ҷомеи Тоҷикистон соати шашуними субҳ таъйин шудааст.
Мақомот имомхатибонро вазифадор кардаанд, ки дар ин рӯз вобаста ба "таҳияи либоси миллӣ бо арҷгузорӣ ба арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ ва адои маросими ҳаҷ ва умра муроҷиатнома қабул ва самъи мардум расонда шавад.”
Инчунин, аз онҳо хоста шудааст, ки мардумро ба расондани ёрӣ ба муҳтоҷон ва пешгирӣ аз исрофкорӣ даъват кунанд, "вале пеш аз ҳама худ намуна бошанд".
Дар гузашта дар чанд минтақаи Тоҷикистон аз мардум хоста буданд, ки фитри рӯзаро ба мақомот бидиҳанд. Аз ҷумла соли 2023 дар ноҳияи Рашт супоридани фитри рӯза ба раисони маҳалла ва ҷамоатҳои зисти супориш шуда буд.
Нисоби закот барои имсол 35 ҳазору 275 сомонӣ таъйин шудааст. Яъне, соҳибони ин миқдор дороӣ бояд 880 сомонӣ супоранд.
Садақаи фитр ба сари ҳар кас 7 сомонӣ ва фидя барои онҳое, ки имкони рӯзадорӣ надоранд, 420 сомонӣ муқаррар гардидааст.