Барои сафари Бердимуҳаммадов ҳаракати нақлиёт дар хиёбонҳои асосии пойтахт қариб як соат манъ шуд.
Дар доираи ин сафар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар назар аст.
Хабаргузории давлатии "Ховар" навишт, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ҳамчунин бо сарвазир Қоҳир Расулзода, роҳбарони ҳарду палатаи порлумон мулоқот карда, дар консерти "Шоми дӯстӣ" иштирок мекунад.
Мақомоти Тоҷикистон аз имзои чанд санади нав миёни Душанбе ва Ишқобод хабар доданд, аммо номи санадҳоро нагуфтанд.
Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадови 66-сола яке аз роҳбарони худкомаи Осиёи Марказӣ аст, ки ҳомиёни ҳуқуқ ӯро ба нақзи густурдаи ҳуқуқи инсон ва маҳдуд кардани озодиҳо танқид мекунанд.
Бердимуҳаммадов соли 2022 аз мансаби президенти Туркманистон истеъфо дод ва ба ҷойи худ писараш Сардорро овард.