Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби ба ҷавобгарӣ кашидани моликони "Крокус" дар Русия


Crocus City Hall Moscow
Crocus City Hall Moscow

Ҷабрдидаҳои ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" аз Кумитаи тафтишотии Русия хостанд, зидди моликони ин толори консертӣ парвандаи ҷиноӣ боз шавад. Дар ин бора вакили мудофеъ Игор Трунов хабар дод.

Ба иттилои вакили мудофеъ, вай аз манфиатҳо 11 шикоятгар ҳимоят мекунад. Миёни шикоятгарон роҳбари гуруҳи наворбардорӣ ҳам ҳаст, ки мебоист консерти гуруҳи "Пикник"-ро сабт кунад. Шикоятгарони дигар наздикони кушташудаҳо ҳастанд.

Дар шикоят омадааст, моликони толори консертӣ ба бехатарии зидди сӯхтори толор мумкин аст, ба таври бояду шояд таваҷҷуҳ накардаанд. Шоҳидон гуфтанд, пардаи саҳна дар чанд сония оташ гирифт, ҳарчанд мебоист, парда аз матои ба оташ тобовар сохта мешуд.

Дар шикояти онҳо чанд сабаби дигар зикр шудааст, ки бар асоси онҳо моликони толор бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Молики "Крокус Сити Ҳолл" ширкати Crocus Group ва ин ширкат ба тоҷир Араз Агаларов тааллуқ дорад. Вай баъди ҳамла гуфт, ҳамаи низоми зидди сӯхтор дар ҳолати корӣ қарор дошт ва хадамоти бехатарии "Крокус Сити Ҳол" имкон надошт, ки аз ҳамлаи мусаллаҳона пешгирӣ кунад.

Ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав шаби 22-юми март сурат гирифт. Мақомоти Русия гуфтанд, дар ин ҳодиса 144 нафар ҷон бохта, беш аз 500 кас осеб дидаанд.

Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.

Мақомоти Русия гуфтанд, 12 нафарро дар робита ба тирандозӣ дастгир карданд. Додгоҳ то кунун нуҳ нафари онҳоро ба ҳабс гирифт. Ҳашт нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон.

XS
SM
MD
LG