Дар хабар омадаааст, мақомоти зидди иктишофии Фаронса талош доранд, ки аз сар задани ҳамлаҳо дар рӯзи ифтитоҳи Бозиҳои олимпӣ пешгирӣ кунанд ва тасмим гирифтанд, таваҷҷуҳи асосиро ба зодагони Осиёи Марказӣ равона созанд.
"Давоми ҳафтаи охир миёни онҳое, ки зери таваҷҷуҳ ҳастанд, зодагони Осиёи Марказӣ бисёр буданд", - омадааст дар хабари "Europe 1" бо такя ба мақомоти махсус.
Манбаъ менависад, мақомоти иктишофии Фаронса тасмим гирифтааст, таваҷҷуҳро ба шаҳрвандони Туркманистон, Қирғизистон ва Қазоқистон равона кунад.
Пас аз ҳамла ба "Крокус Сити Ҳолл" дар Маскав, мақомоти Фаронса рӯзи 24-уми март гуфтанд, сатҳи хатари террористиро ба болотарин нуқта расонидаанд.