Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи Исроил ба Навори Ғазза "даҳҳо каси дигар кушта шуд"


Навори Ғазза
Навори Ғазза

Вазорати тандурустии Навори Ғазза (зери итоати "Ҳамос"*), гуфт, ки бар асари ҳамлаҳои Исроил рӯзи 31-уми март даҳҳо фаластинии дигар кушта шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки музокирот барои оташбас миёни Исроил ва гурӯҳи тундрави "Ҳамос" дар Қоҳира, пойтахти Миср, аз сар гирифта хоҳад шуд.

Хабаргузории "Франс Пресс" аз қавли расонаҳои мисрӣ навишт, музокирот пас аз он шуруъ мешавад, ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, чанд рӯз пеш дар ин масъала чароғи сабз нишон дод.

Пештар Миср, Қатар ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯшиш карданд, ки байни Исроил ва "Ҳамос" созиши оташбас шавад, аммо натиҷа надод.

Ҷангҷӯёни "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябри соли 2023 бо ҳамла ба баъзе аз шаҳрҳои Исроил ҳудуди 1200 нафарро кушта ва 250 нафари дигарро гаравгон гирифтанд.

Бино ба гузоришҳо, 130 нафар аз ин гаравгонҳо то ҳол дар дасти нерӯҳои “Ҳамос” мондаанд. Шумораи зиёди одамон дар Исроил рӯзи 30-юми март ба хиёбонҳо баромада, хоҳони раҳоии гаравгонони ин кишвар шуданд.

Вазорати тандурустии Навори Ғазза мегӯяд, дар тақрибан шаш моҳи охир беш аз 32 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.

*Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо Ҳамосро як созмони террористӣ медонанд

XS
SM
MD
LG