Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири ИМА дар Русия оид ба иттилое гуфт, ки пеш аз ҳамла ба Маскав пешниҳод шуда буд


Сафири ИМА дар Маскав дигарбора аз мавқеи қотеи кишвараш оид ба зарурати огоҳӣ аз таҳдидҳои террористӣ таъкид кард.   

Лин Трейсӣ, сафири Амрико дар Русия дар як изҳороти расмӣ дар робита ба фоҷеаи “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав ҳамдардӣ баён кард.

“Иёлоти Муттаҳида, бегуфтугӯ терроризмро дар ҳар шакл маҳкум мекунад. Мо ёд дорем, ки пас аз ҳамлаи террористии 11-уми сентябр маҳз Русия аввалин шуда, бо Амрико дар тамос шуд. Мо сиёсати деринаи “огоҳ кардан” – ро дорем. Вақте ба мардуми осоишта хатар таҳдид мекунад, мо бояд огоҳ кунем. Ва на танҳо ба муттаҳидони худ, балки ба кишварҳое мисли Русия ҳам, ки бо мо мухолифат доранд.” – изҳор дошт, Лин Трейси.

Сафири Амрико бо таасуф гуфт, ҳушдори ахир аз ҳамлаи “Давлати Исломӣ”- ро бархе аз мақомдорони рус нодида гирифтанд.

“Мутаасифона, маълумот дар робита таҳдид аз ҷониби “Давлати Исломӣ ” ки ҳукумати Амрико дар оғози моҳи равон ба Хадамоти махсуси амниятии Русия ироа кард, чанде аз мақомдорони рус ошкорро инкор карда, беасос хонданд. Далел ҳам ҳаст, ки иттилои пешниҳодшуда ба ҳукумати Русия дақиқ, саривақтӣ ва эътимодбахш буд. ДОИШ масъулияти ҳамлаи даҳшатноки ҳафтаи гузаштаро ба уҳда гирифт.”- афзуд, дипломати амрикоӣ

Вай таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида, дар тули солҳои зиёд,“Дар робита ба таҳдидҳо бо ҳукумати Русия мубодилаи иттилоъ мекард” ва ин корро идома хоҳад дод.

Сафорати Амрико дар Маскав рӯзи 7-уми марти имсол аз хатари ҳамлаҳои террористӣ дар пойтахти Русия ҳушдор дода, аз шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида хоста буд, ки ба ҷойҳои серодам нараванд. Ҳушдори ба ин монанд дертар аз ҷониби чанд кишвари дигари ғарбӣ садо дод.

Путин рӯзи 19-уми март изҳороти кишварҳои ғарбиро дар бораи эҳтимоли ҳамлаҳои террористӣ дар Русия "иғвогарона" ва ҳадафи онро "тарсондан" ва "бесубот кардани ҷомеа" номида буд.

XS
SM
MD
LG