Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастаҳои иштироккунандаи Ҷоми Аврупо-2024 муайян шуданд


Бозиҳои плей-оффи марҳилаи интихобии қаҳрамонии футболи Аврупо-2024, ки 27-уми март ба анҷом расиданд, се дастаи боқимондаи иштироккунандаи мусобиқоти ниҳоиро муайян карданд. Инхо тимҳои миллии Полша ё Лаҳистон, Украина ва Гурҷистон мебошанд.

Полша дастаи Уэлсро маглуб кард (0:0, аз рӯи пеналтй - 5:4). Украина бар Исландия (2:1) пирӯз шуд. Гурчистон аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбахои 11-метрӣ Юнонро шикаст дод (0:0, аз рӯи пеналти - 4:2).

Бояд гуфт, ки тими миллии Гурҷистон бори аввал дар таърихи худ ба қисми ниҳоии қаҳрамонии футболи Аврупо роҳ пайдо кард.

Таркиби гурӯҳҳо дар қисми ниҳоии қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 чунин аст:

Гурӯҳи “A”: Олмон, Шотландия, Венгрия ё Маҷористон, Швейтсария.

Гурӯҳи “B: Испания, Хорватия, Италия, Албания.

Гурӯҳи C: Словения, Дания, Сербия, Англия.

Гурӯҳи “D”: Полша ё Лаҳистон, Нидерланд, Австрия, Фаронса.

Гурӯҳи E: Белгия, Словакия, Руминия, Украина.

Гурӯҳи “F”: Туркия, Гурҷистон, Португалия, Ҷумҳурии Чех.

Марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи Аврупо-2024 бо иштироки 24 тими миллии қора аз 14-уми июн то 14-уми июли соли 2024 дар Олмон баргузор мешавад. Бозиҳо дар 10 варзишгоҳи 10 шаҳри ин кишвар доир мегарданд.

Зимнан, қаҳрамони феълии футболи Аврупо дастаи мунтахаби Италия мебошад. Итолиёиҳо дар бозии ниҳоии қаҳрамонии Аврупо-2020 тими миллии Англияро шикаст доданд.

Тақдири бозии ниҳоӣ, ки дар варзишгоҳи «Уэмбли»-и шаҳри Лондон доир гагрдид, аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ ҳал шуд.

XS
SM
MD
LG