Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари тоҷикон ба Русия кам, вале бозгашт зиёд шудааст


Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе, 27-уми марти 2024
Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе, 27-уми марти 2024

Ҳамла ба толори "Крокус" ва боздошти тоҷикон бо иттиҳоми даст доштан дар он, мардуми зиёдеро дар Тоҷикистон ва муҳоҷиронро дар Русия сахт тарсондааст.

Баъзе аз сафар ба Русия даст кашида, гурӯҳи дигар аз бимашон ба Тоҷикистон бармегарданд. Дар нуқтаҳои фурӯши билет гуфтанд, ки сафи муштариён кам ва ихроҷи сокинон аз Русия ба Тоҷикистон бештар шудааст. Мақомот баръакс иддао доранд, ки вазъ маъмулист.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 27-уми март мушоҳида карданд, ки саҳни Фурудгоҳи Байнулмилалии Душанбе баръакси рӯзҳои пеш камодам аст. Чанд мусофир инро ба ҳодисаи панҷ рӯз пеш дар толори мусиқии "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав ва хабарҳо аз бадрафторӣ бо тоҷикон дар Русия рабт доданд.

Фурудгоҳи Душанбе
Фурудгоҳи Душанбе

Сафар ба Русия аз роҳҳои заминӣ низ кам шудааст. Орзубек Раҷабов бо мошини сабукрав ва бо нархи нисбатан арзон мусофиронро аз Тоҷикистон ба Русия мебарад. Ӯ рӯзи 27-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло хоҳишмандони сафар ба Русия камтар ба онҳо муроҷиат мекунанд.

“Баъд аз ҳамин ҳодиса сафи онҳое, ки мехоҳанд ба Русия раванд, 30 дарсад камтар шуд. Пештар рӯзе то 7 нафар барои сафар дархост медод, ҳоло 2-3 нафар. Бачаҳоро пурсидам, эҳсоси тарс доранд,” – афзуд ӯ.

Баъзе аз мусофирони дигар мегӯянд, вазъият чандон боис ба нигаронӣ нест. “Мо занг задем, пурсидем. Гуфтанд, ки оромист. Ягон гапу хабар нест,” – гуфт Қувваталӣ Абдулхонов, сокини ноҳияи Панҷ.

Маъмурони милиса ба хабарнигорони Радиои Озодӣ иҷозаи вуруд ба толори фурудгоҳро надоданд ва барои ин номаи расмӣ талаб карданд.

Рӯзи 27-уми март ҳузури муштариён дар баъзе аз нуқтаҳои фурӯши билет дар Душанбе кам буд.

Намояндагони баъзе аз чунин нуқтаҳо тасдиқ карданд, ки дар ин чанд рӯзи охир сафи хоҳишмандони харид ё дарёфти билет махсусан дар самти Душанбе-Маскав кам шудааст.

Сӯҳроб Сангинмуродов, корманди яке аз нуқтаҳои фурӯши билет дар пойтахт, ба Радиои Озодӣ гуфт, баъзе аз сокинон билетҳои харидаи худро бозпас гардондаанд. “Ин ба ҳодисаҳои охир бастагӣ дорад. Бисёр бармегардонанд. Талабот ҳам камтар шуд. Нархи билет маҳз дар хатсайри Душанбе-Маскав то 2 ҳазор сомонӣ шуд. Мардумро фаҳмидан мумкин,” – афзуд ӯ.

Дар айни замон, ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо, “баргашти ихроҷшудаҳо зиёд шудааст. Махсусан аз шаҳри Маскав зиёд омада истодаанд. Дар хатсайри Сибир қариб 40 нафар ихроҷ шуда буданд, дар як рӯз. Ин қадар теъдоди ихроҷшудаҳо қаблан набуд.”

Баъзе аз фурӯшандаҳо ва мусофирон, баръакс, аз гарон шудани арзиши билети сафар аз Маскав ба Душанбе хабар доданд.

Нуқтаҳои билтефурӯшӣ
Нуқтаҳои билтефурӯшӣ

Як масъули Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон дар тамоси телефонӣ гуфт, ки вазъият ба мисли пештара маъмулӣ аст ва ҷои нигаронӣ нест. Шӯрои вобаста ба сафорати Тоҷикистон дар Русия низ дар изҳороте гуфтааст, вазъият барои шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия тағйир наёфтааст.

Ин изҳорот дар ҳолест, ки чанд муҳоҷири тоҷик шикоят доранд, ки баъд аз ҳамла ба толори "Крокус" муносибати мардуми маҳаллӣ ва мақомоти Русия нисбат ба онҳо бад шудааст. Чанд вакили Думаи Давлатии Русия пешниҳод кардаанд, ки барои танзими муҳоҷират бо кишварҳое ба мисли Тоҷикистон виза ё раводид ҷорӣ шавад.

Дар бораи ихроҷи даҳҳо муҳоҷири корӣ низ гузориш мерасад, вале мақомот дар ин бора расман иттилоъ намедиҳанд ва вокуниш намекунанд.

Бекорӣ аз мушкилҳои асосии ҷомеаи Тоҷикистон буда, ҳар сол садҳо ҳазор нафар барои дарёфти кору маоши муносиб ба Русия ва кишварҳои дигар мераванд. Танҳо ба ҳисоби мақомоти Русия ҳоло беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар ин кишвар кору зиндагӣ доранд. Шумораи воқеии онҳо бештар аз ин гуфта мешавад.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Сафар ба Русия кам, вале бозгашт зиёд шудааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:57 0:00
XS
SM
MD
LG