Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба тиҷорати мошин машғул буданд." Баъзе ҷузъиёт дар бораи Исломовҳо


Аминҷон Исломов, Диловар Исломов ва Исроил Исломов
Аминҷон Исломов, Диловар Исломов ва Исроил Исломов

Радиои Озодӣ дар бораи Исроил Исломови 62-сола ва ду писараш Аминҷон ва Диловар Исломовҳо, ки дар пайванд ба ҳодисаи "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав дастгир шудаанд, баъзе маълумот пайдо кард.

Додгоҳи Басманнийи шаҳри Маскав рӯзи 25-уми март ин се нафарро ба гумони "амали террористӣ" то охири моҳи май ба ҳабс гирифт. Вокуниши наздиконашон ба иттиҳом маълум нест.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ин оила аз ҷамоати Тоҷикобод ё Туркманистони пешини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон буда, барои кор ва зиндагӣ ба вилояти Твери Русия рафтаанд. "Онҳо дар Русия асосан ба тиҷорати мошин машғул буданд," – хабар дод як ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ рӯзи 27-уми март.

Пештар мақомоти Русия гуфта буданд, ки Аминҷон Исломови 33-сола соҳиби охирини мошине аст, ки дар ҳамла ба толори консертии "Крокус Сити" истифода шудааст. Ба нақли онҳо, мошинро ба гумонбарони ҳамла бародари ӯ, Диловари 24-сола, фурӯхтааст. Аминҷон шаҳрванди Русия аст.

Як манбаи Радиои Озодӣ бе зикри номаш рӯзи 27-уми март тасдиқ кард, ки "онҳо як моҳ пеш аз ҳодиса мошин фурӯхтаанд, вале намедонистанд, ки харидор кист ва ба чӣ кор машғул асту чӣ ният дорад."

Ба қавли ҳамин манбаъ, "Исроил Исломов як рӯз баъди ҳодиса дар Красногорск ва писаронаш – Аминҷон Исломов ва Диловар Исломов дар роҳ ба Магнитогорск" дастгир шудаанд.

Кумитаи тафтишотии Русия ба ин бовар аст, ки ин афрод дар ҳамлаи толори мусиқӣ нақш доштанд ва гуё онҳоро гумонбари дигар Фаридуни Шамсиддин дар моҳҳои январ ва марти имсол ҷалб кардааст. Тасдиқи он феълан аз манобеи мустақил имконпазир нест.

Радиои Озодӣ барои ёфтани наздикони Исломовҳо бо намояндагони ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш низ тамос гирифт. Дастагул Мирзоева, раиси ҷамоат, рӯзи 27-уми март дар суҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, Исроил Исломов ҳанӯз дар солҳои 90-ум ба Русия кӯчида, дигар ба зодгоҳаш барнагаштааст.

"То замони рафтан ба Русия деҳқонӣ мекард. Аз оилаи ботарбия, хушмуомила буд, зиёд мазҳабӣ набуд. То чанд сол пеш додаронаш дар Тоҷикобод буданд, аммо онҳо низ хонаҳояшонро гузоштанду ба Русия рафтанд. Дар инҷо ҳеч каси онҳо нест," – шарҳ дод раиси ҷамоати Тоҷикободи ноҳияи Вахш.

Ӯ аз ин бештар ҷузъиёт надод. Аммо як ҳамсуҳбати дигари мо дар ноҳияи Вахш гуфт, пас аз ҳамлаи Маскав гурӯҳе аз намояндагони мақомоти интизомии Тоҷикистон ба ҷамоати Тоҷикобод рафтаанд. Тафсилоти суҳбат ва ё санҷишҳои онҳо дастрас нест.

Рӯзи 22-юми март чаҳор шахси мусаллаҳ ба толори консертии "Крокус" ҳамла карданд. Дар ин ҳодиса, ба иттилои мақомоти Русия, 139 нафар кушта ва бештар аз 180 каси дигар захмӣ шудаанд. Гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ё ДОИШ масъулияти ҳамларо бар дӯш гирифт.

Мақомоти Русия гуфтанд, дар умум 11 нафарро дар робита ба тирандозӣ дастгир карданд. Додгоҳ то кунун ҳашт нафари онҳоро ба ҳабс гирифт. Ҳафт нафари онҳо аз Тоҷикистон ҳастанд ва як нафар аз Қирғизистон.

Сару рӯйи камаш чаҳор нафари онҳо, ки рӯзи 24-уми март дар додгоҳ ҳозир шуданд, вараму сиёҳ ва бозгӯйи осори шиканҷаву латукӯб буд.

XS
SM
MD
LG