Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Самарқанд як зан дугоникҳоро ба кӯча партофтааст


Дар даҳлези бисёрошёнае дар ноҳияи Қарасуи Самарқанд, навзодони дугоникро пайдо кардаанд.

Ба навиштаи расонаҳои Узбекистон, дугоникҳо такрибан 4-5 рӯз пеш таваллуд шудаанд. Онҳоро аз дохили борхалтае як ҳамшираи шафқат пайдо кардааст.

Ин дугоникҳоро, ки ҳар ду ҳам духтар ҳастанд, зане дар даҳлез гузоштааст. Дурбинҳои наворбардор нишон медиҳанд, ки зан ниқоб дорад ва бо рӯймол сарашро печонидааст.

Пизишкон мегӯянд, вазъи дугоникҳо хуб аст ва зери назорат қарор доранд. Шахсияти зане, ки кӯдаконро дар даҳлез гузоштааст, ҳанӯз маълум нашудааст.

XS
SM
MD
LG