Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Dala Inside: Русиягиҳои муқими Қазоқистон ба Путин раъй надоданд


Кремл мумкин аст, феҳристи русиягиҳоеро тартиб диҳад, ки ба далели дидгоҳҳои сиёсиашон ба Қазоқистон омадаанд, менависад сомонаи Dala Inside.

"Кремл баъди интихоботи президентӣ тасмимҳои ҷиддӣ мегирад. Ба иттилои Exit Poll, танҳо 9 дарсади шаҳрвандони Русия, ки дар Алмато қарор доранд, ба ҷонибдорӣ аз Путин раъй додаанд. Рақиби вай Владислав Даванков 69% раъй гирифтааст. Дар Остона ҳам русиягиҳо ба ҷонибдорӣ аз Путин раъй надодаанд", - менависад Dala Inside.

Дар робита ба ин, менависад Dala Inside бо такя ба манбаи худ дар Маскав, Кремл бо сафири Русия дар Қазоқистон Алексей Бородавкин ва консули генералӣ Дмитрий Тураев машварат дорад.

"Самти асосии машваратҳо - назорати русиягиҳое аст, ки ба Қазоқистон кӯчидаанд ва иҷозат надодан ба онҳо барои ташкили ҳаракати зиддипутинӣ дар Қазоқистон. Эҳтимол меравад, дар ин кор ФСБ (Хадамоти амнияти федеролии Русия) ба дипломатҳо кумак расонад. Дар робита ба масъалаи таъсиси феҳристи махсуси шаҳрванди Русия дар Қазоқистон баррасӣ шудааст. Дар феҳрист дидгоҳҳои сиёсии ҳар кадом русиягӣ - оё вай аз ҳукумати Русия ҳимоят мекунад ё не - зикр мешавад", - шарҳ медиҳад Dala Inside.

XS
SM
MD
LG