Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ЮНЕСКО: Узбекистон дар рушди Бухоро ваъдахилофӣ кард


Тарҳи нав дар Бухоро 470 миллион доллар арзиш доштааст
Тарҳи нав дар Бухоро 470 миллион доллар арзиш доштааст

ЮНЕСКО гуфт, ҳукумати Узбекистон ваъда дода буд, ки то ҳосил шудани созиш дар бораи нақшаи куллӣ аз тахриби биноҳо дар минтақаи таърихии Бухоро даст мекашад, аммо ҳоло ваъдахилофӣ мекунад. Дар ин бора Eurasianet бо такя ба посухи хаттии Созмони илмӣ, омӯзишӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид хабар дод.

Ба навиштаи Eurasianet.org, мақомоти Узбекистон муроҷиати ЮНЕСКО-ро нодида мегиранд. Ин созмон гуфтааст, Узбекистон ҳамоно нақшаи куллии сохтмони Бухороро нафиристодааст.

"ЮНЕСКО дарк мекунад, ки корҳо то моҳи сентябри соли 2024 бояд ба анҷом расанд", - посух додааст созмон. Ба навиштаи Eurasianet.org, тарҳи нақшаи идораи минтақаи таърихӣ барои солҳои 2023-2028 моҳи декабр муаррифӣ шуда буд ва ҳамоно дар баррасии мақомоти мушовараи Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО қарор дорад.

"Бо ваъдахилофии бармало, мақомоти Узбекистон дар аввали имсол ба тахриби минтақае сар карданд, ки ба қисмати таърихии Бухоро мерасад ва ин боис ба эътирози ҳомиёни мероси фарҳангӣ шуд", - омадааст дар гузориши Eurasianet.

Чанде пеш расонаҳои Узбекистон навиштанд, ки тахриби даҳҳо бинои таърихӣ барои сохтани маркази сайёҳии "Бухорои боқӣ" миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехтааст. Рӯзноманигорон ва блогероне, ки дар бораи тахриби биноҳо хабар доданд, зери фишор қарор гирифтаанд.

"Он чизе ки ҳоло дар Бухоро рух медиҳад - ҷиноят аст ва ин тахрибкориҳо дар таърих ҳамчун яке аз рӯзҳои сиёҳи Узбекистон сабт мешаванд", - гуфт як блогер аз Бухоро ба шарти ифшо нашудани номаш.

Тарҳи "Бухорои боқӣ" 470 млн доллар арзиш дошта, дар майдони 32,6 га ва дар солҳои 2024-2026 сохта мешавад.

XS
SM
MD
LG