Бахши арманистонии Радиои Озодӣ бо истинод ба Вазорати умури дохилии он кишвар иттилоъ дод, ки ҳамлагарон мехостанд ба бинои пулис ворид шаванд.
Дар пулиси Ереван ба РИА Новости гуфтаанд, ки ҳамларо се нафар анҷом дода, ду тани онҳо дар натиҷаи таркиши норинҷаке, ки худ партофта буданд, захмӣ шудаанд.
Вазорати умури дохилии Арманистон дертар хабар дод, ки ҳамлагари севум низ боздошт шудааст.
Ба иттилои "Shamshyan", ду ҳамлагар бо таҳдиди партоби норинҷак талаб кардаанд, ки намояндагони созмони "Бародарии ҷангӣ" озод карда шаванд.
Қаблан пулиси Арманистон 49 узви созмонро бо гумони ғайриқонунӣ нигаҳ доштани силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ боздошт карда, дертар ҳамаи онҳоро озод кард. Масъулони созмон даст доштани худ дар ҳамларо рад карданд.
"Бародарии ҷангӣ"-ро низомиёни пешине таъсис додаанд, ки дар ҷанги Қарабоғи Куҳӣ иштирок доштанд. Онҳо зидди додани минтақа ба Озарбойҷон ҳастанд.