Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нокомии паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи ҷудо дар Тифлис


Абубакр Шеров аз рост
Абубакр Шеров аз рост

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо “Тоскӯлоҳи бузург” (“Tbilisi Grand Slam 2024”), ки рӯзҳои 22-24-уми март дар шаҳри Тифлиси Гурҷистон доир гардид, бе ҷоиза монданд.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF), дар мусобиқаи “Tbilisi Grand Slam 2024” 531 варзишгар (296 мард ва 235 зан) аз 83 кишвари панҷ қораи ҷаҳон иштирок карданд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа 9 варзишгар (8 мард ва 1 зан) дохил буданд:

-60 кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов

-60 кг – Ҳақдод Гулов

-66 кг – Обид Ҷебов

-73 кг – Абубакр Шеров

-81 кг – Сомон Маҳмадбеков

-90 кг – Комроншоҳи Устопириён

-100 кг – Ҷаҳонгир Маҷидов

-100 кг – Абубакри Акобир

-52 кг — Аҳлия Муъминова

Дар рӯзи аввали мусобиқа дар нахустин рақобатҳои худ Аҳлия Муъминова аз Сита Қадамбоева (Узбекистон), Муҳаммадсолеҳ Қувватов аз Ваче Адамян (Австрия), Ҳақдод Гулов аз Бямбаяв Тсогт - Очир (Муғулистон) ва Обид Ҷебов аз Йессет Куанов (Қазоқистон) мағлуб шуданд.

Дар рӯзи дуюми мусобиқа Абубакр Шеров дар даври аввал муқобили Винисиус Ардинаи бразилӣ дастболо шуда, дар даври дуюм Бахидҷон Абдураҳмонови қазоқро мағлуб кард. Вале паҳлавони ҷавони тоҷик дар ҳаштякфинал аз Соичи Ҳашимотои ҷопонӣ шикаст хӯрд.

Сомон Маҳмадбеков, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз Виктор Стерпу (Молдова) ноком шуд.

Дар рӯзи охирини мусобиқа Комроншоҳи Устопириён, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз намояндаи дастаи бетараф – AIN (Русия) - Илдар Аллахвердиев мағлуб шуд.

Абубакри Акобир, ки дар даври аввал озод буд, баъдан аз намояндаи Ҳиндустон Автар Сингҳ ноком гардид.

Ҷаҳонгир Маҷидов ҳам дар даври аввал озод буд ва дар даври баъдӣ бар ҷудокори украинӣ Антон Савютский ғалаба кард. Аммо Ҷаҳонгир дар даври сеюм аз Айх Дониели швейтсарӣ мағлуб шуд.

Ҳамин тавр, мусобиқаи “Tbilisi Grand Slam 2024” барои ҷудокорони тоҷик бебарор ва бидуни медал анҷом ёфт.

ҒОЛИБОНУ ҶОИЗАДОРОНИ “TBILISI GRAND SLAM 2024”:

МАРДОН

Вазни -60 кг

1. Нурканат Серикбоев (Қазоқистон)

2. Ям Волчзак (Исроил)

3. Балабай Ағаев (Озарбойҷон)

3. Торнайк Тсҷакадоева (Нидерланд)

Вазни -66 кг

1. Иван Черних (AIN, Русия)

2. Сардор Нуруллоев (Узбекистон)

3. Руслан Рашаев (Озарбойҷон)

3. Виллиан Лима (Бразилия)


Вазни -73 кг
1. Лаша Шавдатуашвили (Гурҷистон)
2. Карен Галустян (AIN, Русия)
3. Тохар Бутбул (Исроил)
3. Соичи Ҳашимото (Ҷопон)

Вазни -81 кг
1. Темур Арбузов ((AIN, Русия)
2. Шарофиддин Болтабоев (Узбекистон)
3. Саги Муки (Исроил)
3. Нургазӣ Таталашвили (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ)


Вазни -90 кг
1. Лаша Бекаури (Гурҷистон)
2. Илиан Халдиев (Озарбойҷон)
3. Ҷуиоп Хан (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Теородорос Тселидис (Юнон)

Вазни -100 кг
1. Николос Шеразадашвили (Испания)
2. Шади Елҳанас (Канада)
3. Лаурин Боелер (Австрия)
3. Жобор Вег (Венгрия)

Вазни +100 кг
1. Гурам Тушишвили (Гурҷистон)
2. Ушанги Кокаури (Озарбойҷон)
3. Саба Ираришвили (урҷистон)
3. Анди Гранда (Куба)

ЗАНОН

Вазни -48 кг

1. Ли Ҳйекйеонг (Кореяи Ҷанубӣ)

2. Лаура Эспадинҳа (Фаронса)

3. Гуо Зонгйинг (Чин)

3. Галия Тюнбоева (Қазоқистон)

Вазни -52 кг

1. Торо Солер (Испания)

2. Ана Виктория (Хорватия)

3. Дистриа Красники (Косово)

3. Масча Баллҳаус (Олмон)

Вазни -57 кг

1. Этери Липертиалини (Гурҷистон)

2. Ҷессика Климкайт (Канада)

3. Криста Дегучи (Канада)

3. Рафаэла Силва (Бразилия)

Вазни -63 кг
1. Катрин Бушеми-Пино (Канада)
2. Анжелика Жимянска (Полша)
3. Жоан Ван Лиешот (Нидерланд)
3. Ҷосу Ким (Кореяи Ҷанубӣ)

Вазни -70 кг
1. Барбара Матич (Хорватия)
2. Санни Ван Дайк (Нидерланд)
3. Мариам Буткерит (Олмон)
3. Елизавет Телисиду (Юнон)

Вазни -78 кг
1. Юлия Курченко (Украина)
2. Шусе Стенхаус (Нидерланд)
3. Елизавета Литвиненко (Украина)
3 Алина Боем (Олмон)

Вазни +78 кг
1. Рене Люхт (Олмон)
2. Коралие Ҳайме (Фаронса)
3. Ҳуёнжи Лии (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Асия Тавано (Фаронса)

Варзишгарон дар ин мусобиқаи бонуфузи байнулмилалӣ ба ҷуз аз медал, соҳиби имтиёзҳо дар феҳристи ҷаҳонӣ ва олимпӣ шуданд.

Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқа 154 ҳазор евроро ташкил медод. Ғолибон дар ҳар як вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 5000 евро, барандагони медали нуқра бо 3000 евро ва соҳибони нишони биринҷӣ бо 1500 евро сарфароз гаштанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Гурҷистон бо касби 5 медал (4 тилло ва 1 биринҷӣ) ҷойи аввалро гирифт. Мунтахаби Испания бо касби 2 медали тилло дуюм ва мунтахаби Канада бо касби 4 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ) сеюм шуданд.

Зимнан, варзишгарони тоҷик соли гузашта дар мусобиқаи Tbilisi Grand Slam” иштирок надоштанд. Соли 2022 бошад, дар "Tbilisi Grand Slam” Тоҷикистонро 9 нафар дар рақобатҳо миёни мардон намояндагӣ карда, бе медал монданд.

Акнун варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи силсилаи ҷаҳонии ҷудо Antalya Grand Slam 2024”, ки рӯзҳои 29-31-уми март дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мешавад, иштирок хоҳанд кард. Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар 12 варзишгар (10 мард ва 2 зан) дозхиланд.

XS
SM
MD
LG