Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мехостанд ба Украина раванд". Изҳороти ахир дар бораи ҳамлаи Маскав


Кумитаи тафтишоти Русия гуфт, аксар кушташудаҳои ҳамлаи террористии Маскав, ки иҷрои  онро гурӯҳи даҳшатафкани  “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифт, аз тири туфанг ҷон додаанд.

Дар баёнияи ин ниҳоди тафтишотӣ 23 март омадааст, ки шумори кушташудаҳо 93 ва захмиҳо беш аз 120 нафар мебошад.

Ин ниҳод гуфтааст, аксари қурбониҳо аз захми тир ё нафасгир шуда ҷон доданд, чун дар дохили толори консертии “Крокус сити ҳолл” ба ҳангоми ҳамлаи террористон 22 март сӯхтор ҳам ба амал омада буд. Раҳбари ФСБ Александр Бортников гуфт, 11 гумонбар, аз ҷумла чор ҳамлагари мусаллаҳи эҳтимолӣ боздошт шудаанд.

Ҳуввияти онҳо нашр намешавад. ВКД Тоҷикистон бо пахши изҳороти расмӣ гуфт, иттиҳоми матбуоти русӣ дар бораи гӯё ширкат кардани се шаҳрванди Тоҷикистон дар ин ҳамла ҳақиқат надорад.

Дар изҳороти ҷудогонаи Кумитаи тафтишоти Русия омадааст, ки чор гумонбар дар вилояти Брянск боздошт шуданд ва ин вилояти ғарбии ҳамсарҳад бо Беларус ва Украина мебошад.

Интерфакс дар нақли қавл аз мақомоти ФСБ гуфт, ин чор нафар мехостанд ба сарҳади Украина расанд, чун он ҷо тамосҳое доштанд. Шоми 22 март мақомот дар Украина гуфтанд, ки ба ин ҳодиса ҳеҷ рабте надоранд.

XS
SM
MD
LG