Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД иттиҳоми матбуоти русиро нисбат ба се шаҳрванди Тоҷикистон рад кард


Маҳмадрасул Насриддинов ва Ривоҷиддин Исмонов. Акс аз сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Маҳмадрасул Насриддинов ва Ривоҷиддин Исмонов. Акс аз сомонаи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Дар изҳороти хабарии ВКД Тоҷикистон иттиҳоми матбуоти Русия нисбати се шаҳрванди Тоҷикистон, ки гӯё дар ҳамлаи террористии 22 март иштирок карданд, бепояву асос хонда шуд.

Дар изҳорот омадааст, ки иттиҳоми се нафар - Исмонов Ривоҷиддин санаи таваллудаш 25.09.1972, Насриддинов Маҳмадрасул санаи таваллудаш 20.11.1986 ва Назаров Рустам Исроилович санаи таваллудаш 02.01.1995 - бепояву асос аст.

Дар хабари фаврии ВКД омадааст, ки иттиҳоми Исмонов ва Насриддинов - "сокинони ноҳияи Ҷ. Балхии вилояти Хатлон барои содир кардани ҷинояти махсусан вазнин гумонбар ва ба ҷустуҷӯи расмӣ эълон кардааст, асоси воқеӣ надорад. Чунки номбурдагон санаи 26-уми ноябри соли 2023 аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, дар маҳалли зисти худ қарор доранд", мегӯяд ВКД.

"Нафари сеюм - шаҳрванди Тоҷикистон Назаров Рустам Исроилович, санаи таваллудаш 02.01.1995 сокини шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, айни замон дар шаҳри Самараи Федератсияи Россия ҳамчун ронандаи мусофиркаш (таксӣ) фаъолият дорад. Ҳангоми рух додани акти террористӣ ӯ дар шаҳри Самара буд ва ба ҷинояти мазкур алоқамандие надорад".

Исми ин се нафарро вебсайтҳои наздик ба ниҳодҳои қудратии Русия чун гумонбар дар ташкили ҳамлаи террористӣ дар Маскав нашр мекунанд. Қаблан ВКХ Тоҷикистон гуфт, хабари даст доштани шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҳамла "дурӯғин" аст ва мақомоти тоҷик бо ниҳодҳои Русия дар мушаххас кардани ҳуввияти гумонбарон ҳамкорӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG