Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯхтор дар як тарабхона дар шаҳри Душанбе


Лаҳзаи сӯхтор
Лаҳзаи сӯхтор

Тарабхонаи DbD (ДбД) дар маркази шаҳри Душанбе оташ гирифтааст.

Он дар назди бинои собиқи телевизиони "Сафина" ва мактаби рақами як воқеъ аст.

Шоҳидон бо фиристодани навор аз ҷойи ҳодиса гуфтанд, ки сӯхтор баъд аз зуҳри 22-юми март сар зад.

Ба қавли онҳо, маъмурони оташнишонӣ барои хомӯш кардани сӯхтор душворӣ кашидаанд.

Дар наворҳо дида мешавад, ки дуди сиёҳ ба ҳаво бархоста, баъзе аз биноҳои атрофро печондааст.

Мақомот ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надоданд. Сабаб ва зарари сӯхтор ҳам маълум нест.

XS
SM
MD
LG