Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иддае аз қазоқистониҳо ба зидди иваз кардани нишони давлатӣ ҳастанд


Профессор Каржаубой Сарткожаулӣ аз Қазоқистон бар ин назар аст, ки ин кишвар бе иваз кардани нишони давлатӣ ҳам мушкили зиёде дорад. Ин донишманд ба зидди пешниҳоди президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар бораи иваз кардани нишони давлатӣ аст.

"Мо акнун аз истеъмор берун меоем ва ин беақлӣ хоҳад буд, агар қадами носанҷидае сурат гирад. Биёед аз нуқтаи назари солим ба ин нигоҳ мекунем. Дар нишони давлатӣ ҳамаи рамзҳои миллии мо ҷамъ шудааст", - гуфт ин донишманди қазоқистонӣ.

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев рӯзи 15-уми март пешниҳод кард, ки нишони давлатии кишвараш иваз карда шавад. Вай гуфт, нишони давлатии Қазоқистон "мураккаб ва нофаҳмост ва нишонаҳои даврони шӯравиро дорад".

Ин пешниҳоди Тоқаев дар шабакаҳои иҷтимоӣ миёни қазоқистониҳо баҳсҳои гармеро ба бор овардааст.

Нишони давлатии Қазоқистон соли 1992 қабул шудааст. Соли 2019 номи Қазоқистон дар нишони давлатӣ аз кириллӣ ба лотинӣ иваз шуд.

XS
SM
MD
LG