Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як автобус бо 54 мусофир дар Сибир чаппа шудааст


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Як автобуси масири Чимкент-Новосибирск дар ҳудуди вилояти Алтайи Русия чаппа шудааст.

Расонаҳои Русия хабар доданд, ки дар натиҷаи садама 7 мусофир осеб дида, як кас дар беморхона бистарӣ гашт.

Ба иттилои Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи Алтай, ҳодиса 17-уми март дар ҳудуди деҳаи "Гришковка"-и вилоят рух дод.

Дар дохили автобус 56 кас, ду ронанда ва 54 мусофир қарор доштаанд. Манбаъ дар бораи шаҳрвандони кадом кишвар будани мусофирон чизе нагуфтааст.

XS
SM
MD
LG