Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯдакеро дар Самарқанд занҷирбанд ва дар мошин қулф карданд


Роҳбари ташкилот оид ба ҳуқуқи инсон дар Узбекистон "Эзгулик" Абдураҳмон Ташанов дар бораи муносибати бераҳмона нисбати як кӯдак дар Самарқанд хабар дод.

Роҳбари ташкилот оид ба ҳуқуқи инсон дар Узбекистон "Эзгулик" Абдураҳмон Ташанов дар бораи муносибати бераҳмона нисбати кӯдак дар Самарқанд хабар дод.

Вай навореро аз рӯзи 16 март нашр кард, ки дар он дида мешавад, кӯдаке занҷирбанд ва дар дохили мошини навъи Damas қулф аст.

Ба иттилои ин ҳомии ҳуқуқ, ҳодисаи мазкур дар кӯчаи Шарқи Озоди маҳаллаи Боғишамол рух додааст.

"Кӯдаки занҷирпеч ҳоло дар шуъбаи 4-уми пулиси шаҳри Самарқанд аст. Аз сарнавишти вай дигар иттилоъ надорем", - навишт ҳомии ҳуқуқ.

Аз мақомоти додситонии Узбекистон гуфтанд, аз рӯи ин ҳодиса бо моддаи "ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум кардани одам" парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

XS
SM
MD
LG