Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чанд варзишгари Русия ба Бозиҳои олимпии Порис роҳ меёбанд?


Ҷон Коутс, муовини президенти Кумитаи Байнулмилалии Олимпӣ, гуфт, мумкин аст, танҳо тақрибан 40 варзишгар аз Русия ба Бозиҳои тобистонаи соли 2024 роҳ ёбанд.

Дар ин бора хабаргузории "Рейтерс" рӯзи 17-уми март иттилоъ дод.

Бозиҳои тобистони олимпӣ имсол дар шаҳри Порис (Париж), маркази Фаронса, баргузор хоҳад шуд.

Ба сабаби таҳримҳои ҷоришуда, танҳо ба баъзе аз варзишгарони Русия ва Беларус иҷоза додаанд, ки дар Бозиҳои Порис ширкат кунанд. Он ҳам бо маҳдудиятҳои шадид.

Русия ба далели ҳамлааш ба Украина ва Беларус барои пуштибонӣ аз Кремл ва ҳамкорӣ бо он зери бори таҳрим мондаанд.

Дар ҳар сурат, Дмитрий Кулеба, вазири корҳои хориҷии Украина, тасмими Кумитаи Байнулмилалии Олимпиро "шармовар" номида буд.

XS
SM
MD
LG