Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Қирғизистон як бахши дигари марзро муайян кардаанд


Акс аз Девони вазирони Қирғизистон
Акс аз Девони вазирони Қирғизистон

Гурӯҳҳои топографӣ ё маконнигории Тоҷикистон ва Қирғизистон барои таъйини 10,76 километри дигари сарҳад розӣ шудаанд.

Дар ин бора Девони вазирони Қирғизистон рӯзи 17-уми март хабар дод, аммо маълум нест, ки шарти созиш чист ва кадом минтақаҳоро дар бар мегирад.

Ҳукумати Қирғизистон танҳо ҳаминро гуфта, ки созиш "ҳосили музокироти пайвастаи гурӯҳҳои корӣ ва маконнигории ду кишвар аст".

Мулоқоти охири тарафҳо аз 12 то 17-уми марти имсол дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд гузашт.

Тоҷикистон ва Қирғизистон зиёда аз 980 километр сарҳад доранд, вале бахше аз он солҳо боз таъйину нишонагузорӣ нашудааст.

Мардуми ду сӯи марз борҳо барои обу замин ва чарогоҳ ҷангу муноқиша кардаанд. Дар ду низои хунин, ки моҳи апрели соли 2021 ва сентябри 2022 рӯй дод, аз ҳарду тараф даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи замин ва геодезии Тоҷикистон, моҳи феврали имсол гуфт, аз 987,6 километр сарҳад бо Қирғизистон 889,45 километр мувофиқа шудааст.

Вазири корҳои хориҷии Туркия рӯзи 10-уми январи имсол дар Душанбе хабар дод, ки созишномаи ниҳоӣ дар бораи марз байни Тоҷикистон ва Қирғизистон эҳтимол моҳи март имзо шавад.

Мансабдорони Тоҷикистон дар ин бора расман чизе намегӯянд ва санаи мушаххасеро ҳам барои поёни баҳси сарҳадӣ эълон накардаанд.

XS
SM
MD
LG