Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Никола Лазаревич сармураббии "Истиқлол" шуд


Никола Лазаревич, мутахассиси 46-солаи серб
Никола Лазаревич, мутахассиси 46-солаи серб

​​​​​​​Никола Лазаревич, мутахассиси 46-солаи серб, сармураббии бошгоҳи футболи «Истиқлол»-и Душанбе таъйин шуд. Муҳлати қарордод як солро дар бар мегирад.

Ӯ дар ин вазифа Игор Черевченкоро, ки муҳлати шартномааш бо бошгоҳи “Истиқлол” ба поён расид, иваз кард. "Истиқлол" соли гузашта бо роҳбарии Черевченко қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидааст.

Ба иттилои бошгоҳи “Истиқлол”, ҳамакнун қаҳрамони бисёркаратаи Тоҷикистонро ба мавсими нави футбол Никола Лазаревич омода мекунад.

Роҳбарияти бошгоҳи “Истиқлол” бо тавсияи сармураббии нав ёваронашро низ таъйин намуд.

Инҳо ҳамватанони Лазаревич - Предраг Пешич ва Ҷорҷи Коралич мебошанд.

Ҳамчунин ба Лазаревич собиқ капитан ё сарвони дастаи “Истиқлол” Дилшод Восиев кӯмак хоҳад кард. Мутахассиси рус Дмитрий Тяпушкин корашро бо дарвозабонҳо идома медиҳад.

Никола Лазаревич пештар ба ҳайси мураббии омодагии ҷисмонӣ ё физикӣ дар дастаи «Истиқлол» ва тими миллии Тоҷикистон кор кардааст.

Вай соли 2019 сармураббии дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд буд. Охирин дастае, ки Лазаревич соли 2022 машқ додааст, “Қизилқум”-и шаҳри Зарафшони Узбекистон мебошад.

ШАРҲИ ҲОЛ

Никола Лазаревич 29-уми январи соли 1978 дар шаҳри Нишаи Сербия ба дунё омадааст. Фаъолияти мураббигиаш дар дастаҳои ҷавонони зодгоҳаш, инчунин дар тими мунтахаби ҷавонони Сербия шуруъ шудааст.

Соли 2012 ин мутахассис бо даъвати ҳамватанаш Никола Кавазович ба Тоҷикистон меояд. Вай дар бошгоҳи “Истиқлол” ва тими миллии Тоҷикистон ба ҳайси мураббии омодагии ҷисмонӣ ё физикӣ ба сармураббӣ Кавазович кӯмак мекунад.

Соли 2014 Лазаревич дар Чин ҳайати ҷавонони бошгоҳи "Шэнчжэн"-ро машқ додааст.

Соли 2015 Лазаревич ба Душанбе, ба бошгоҳи “Истиқлол" бармегардад. Баъди як сол ӯ дастаро роҳбарӣ мекунад. "Истиқлол" бо сарварии Лазаревич соли 2016 қаҳрамон ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардидааст. Аммо моҳи октябри ҳамон сол ӯ аз вазифааш барканор шуд.

Соли 2019 вай боз ба Тоҷикистон баргашта, сармураббии бошгоҳи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд таъйин мешавад.

Инчунин ӯ ба ҳайси мураббӣ дар бошгоҳҳои “Раднички” (Сербия), БСУ (Чин), “Ал-Таавун” (Арабистони Саудӣ) ва “Кизилқум”-и Узбекистон фаъолият кардааст

Лазаревич солҳои мухталиф дар бошгоҳҳои машҳури «Атлетико»-и Мадрид (Испания), "Базел" (Швейтсария), “Копенгаген” (Дания) ва "Зенит"-и Санкт-Петербург (Русия) коромӯзӣ кардааст.

Ӯ дорои муҷаввиз барои фаълияти мураббигии дараҷаи UEFA PRO мебошад.

XS
SM
MD
LG