Мулоқоти ҷонибҳо дар деҳаҳои марзии Ортабизи Қирғизистон ва Хоҷаи Аълои Тоҷикистон баргузор шудааст. Дар ин бора расонаҳои Қирғизистон бо истинод ба мақомоти вилояти Бодканд хабар додаанд.
Ҳайати Тоҷикистонро дар ин мулоқот, раиси шаҳри Исфара, Баҳовиддин Баҳодурзода ва ҷониби кишвари ҳамсояро Учқунбек Ҷоробоев, раисиБодканд раҳбарӣ кардаанд. Дар ҳамоиш намояндагони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва масъулини идораҳои оби ду кишвар ширкат намудаанд.
Масоили марбут ба марз, кишту кор, поксозии ҷӯйборҳо ва пешгирӣ аз даргириҳои марзиву иғвоандозӣ аз мавзуҳое будаанд, ки дар ин мулоқоти намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон матраҳ шудааст.
Дар як соли ахир намояндагони ду кишвар борҳо барои музокироту гуфтугӯ ва таъини мақоми қитъаҳои баҳсии замин дар марз ҷамъ омадаанд.
Мақомоти ҳарду кишвар тасдиқ карданд, ки танҳо дар чор моҳ 196 километри марзи баҳсии ду кишвар дақиқ карда шудааст.
Тоҷикистону Қирғизистон зиёда аз 900 километр сарҳад доранд, вале бахше аз он таъйину нишонагузорӣ нашудааст.
Мардуми ду сӯи марз борҳо барои обу замин ва чарогоҳ бо ҳам ҷангу муноқиша кардаанд ва ҳамеша якдигарро дар сар задани ҳодисаҳо гунаҳкор мекунанд.