Ба иттилои Федератсияи таеквондо WT-и Тоҷикистон, ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар се варзишгар – Муҳаммадҷон Суннатов (-68 кг), Моҳрӯ Ҳалимова (-67 кг) ва Мунира Абдусаломова (+67 кг) – дохиланд.
Варзишгарон дар ҳашт вазн – чаҳор вазн миёни мардон ва чаҳор вазн байни занон – барои ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Порис-2024 талош мекунанд.
Тибқи низомнома дар ҳамаи вазнҳо ду роҳхат дода мешавад, яъне варзишгароне, ки ба финал мебароянд, имкони ширкат дар Бозиҳои олимпиро пайдо менамоянд.
Муҳимтарин чорабинии варзишии имсола - Бозиҳои XXXIII тобистонаи олимпӣ аз 26-уми июл то 11-уми август дар шаҳри Пориси Фаронса доир мегардад.
Варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи Порис-2024 то ҳоло се роҳхат гирифтаанд, ки ҳарсе ба риштаи бокс марбут аст.
Дар Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин Давлат Болтаев дар вазни то 92 кило байни мардон барандаи медали тилло ва Миҷгона Самадова дар вазни то 57 кило миёни занон соҳиби медали биринҷӣ гардида, ба Олимпиадаи Порис-2024 роҳхат гирифтанд.
Роҳхати сеюмро ба Олимпиалаи Порис-2024 Баҳодур Усмонов дар аввалин мусобиқаи ҷаҳонии интихобии олимпӣ дар риштаи бокс, ки рӯзҳои 3-11-уми марти имсол дар шаҳри Бусто-Арсизиои Италия баргузор шуд, дар вазни то 63,5 кило ба даст овард.
Варзишгарони тоҷик муборизаро барои дарёфти роҳхатҳои олимпӣ дар мусобиқоти зерини интихобии ҷаҳонию қитъавӣ идома хоҳанд дод:
Таеквондо. 15-16-уми март. Тайан (Чин). Мусобиқоти қораи Осиё.
Шамшерзанӣ. Аз рӯи натоиҷи феҳристи 1-уми апрел. Инчунин 27-28-уми апрел. Дубай (Имороти Муттаҳидаи Арабӣ) - мусобиқоти қораи Осиё.
Гуштии варзишӣ (озод ва юнонию румӣ). 19-21-уми апрел. Бишкек (Қирғизистон) – мусобиқоти қораи Осиё ва 9-12-уми май. Истамбул (Туркия) - мусобиқоти ҷаҳонӣ.
Вазнабардорӣ. Аз рӯи наоиҷи феҳристи 28-уми апрел.
Бокс. 23-юми май – 3-юми июн. Бангкок (Тайланд) - мусобиқоти ҷаҳонӣ.
Ҷудо. Аз рӯи феҳристи 23-юми июн.
Ёдовар мешавем, дар Олимпиадаи Токио-2020 ҳамаи даҳ варзишгари тоҷик - Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев, Сиёвуш Зуҳуров (ҳарсе дар риштаи бокс), Сомон Маҳмадбеков, Акмал Муродов, Комроншоҳи Устопириён, Темур Раҳимов (ҳарчор дар риштаи ҷудо), Анастасия Тюрина, Олимҷон Ишонов (ҳарду дар шиноварӣ) ва Илдар Аҳмадиев (варзиши сабук) ноком шуда, бе медал монданд.
Зимнан, варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1996 ширкат меварзанд. Мунтахаби кишвар дар Бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ чаҳор медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) ба даст овардааст.