Наздикони хонандагони рабудашуда ба хабаргузории "Reuters" гуфтанд, ки одамрабоён ба онҳо занг задаанд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони хабаргузорӣ, аъзои гуруҳи мусаллаҳ шарт гузоштаанд, ки агар давоми 20 рӯзи оянда пулро надиҳанд, ҳамаи хонандагон кушта мешаванд.
Шумори кудакони нопадидшуда 286 нафар дониста мешавад. Ба гуфтаи шоҳидон, тахминан панҷоҳ марди мусаллаҳ 7 март ба ҳаво тир холӣ карда, вориди мактаби деҳаи Курига шуданд.
Сокинони Курига дар шимолу ғарби Нигерия нақл карданд, ки полис бо таъхири чандинсоата баъди рабуда шудани кудакон ба мактаб расид.
Дар Нигерия ҳодисаҳои одамрабоии гурӯҳӣ аз ҷониби афроди мусаллаҳ нав нест. Соли 2014 дар ҳамин деҳаи Куригаи Нигерия гурӯҳи ифротии «Боко ҳарам» 270 духтари мактабхонро бо худ бурд ва то имрӯз 98 нафари онҳо дар асорат боқӣ мемонанд. Бархеро маҷбур мекунанд, ки ба рабояндагонашон ҳамсар шаванд, бархе бо кӯдак дар даст ба хонаи волидон баргаштаанд.