Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди таҷлили Рӯзи падар дар Қирғизистон


Вакили порлумони Қирғизистон Медербек Алиев пешниҳод кардаст, ки санаи 15 март ҳамчун Рӯзи падар дар ин кишвар таъйин карда шавад.

Дар ин бора лоиҳаи қонуне ҳам таҳия ва барои баррасии умум дар сомонаи порлумон нашр шудааст.

Алиев гуфтааст, ҳадаф аз лоиҳаи қонун тақвияти хонавода ва баланд бардоштани масъулияти падар дар оила аст.

Дар лоиҳа гуфта шудааст, ки падар дар рушди шахсият, маҳорат ва арзишҳои иҷтимоии фарзандон нақши калидӣ мебозад.

Ба гуфтаи муаллифи лоиҳаи қонун, Рӯзи падар дар Қирғизистон истироҳатӣ нахоҳад буд.

Дар Қирғизистон аз соли 2012 якшанбеи севуми моҳи май ҳамчун Рӯзи модар таҷлил карда мешавад.

XS
SM
MD
LG