Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои ҳомили халабонҳои низомии рус дар Иваново афтодааст


Ҷойе, ки ҳавопаймо афтодааст
Ҷойе, ки ҳавопаймо афтодааст

Як ҳавопаймои низомии борбари Русия дар наздикии пойгоҳи Шимолӣ дар шаҳри Ивановои ин кишвар афтодааст.

Ба иттилои Вазорати дифои Русия, дар дохили ҳавопаймои "Ил-76" 8 сарнашин ва 7 мусофир қарор дошт.

Раиси вилояти Оренбурги Русия Денис Паслер гуфт, дар натиҷаи афтодани ҳавопаймо халабонҳои вилоят, ки дар қисми 117-уми ҳамлу нақли низомӣ хидмат мекарданд, ҷон бохтанд.

Раиси вилояти Твери Русия Игор Руденя хабар дод, ки дар миёни ҷонбохтагон халабонҳои низомии ин вилоят ҳам ҳастанд.

Муҳаррики ҳавопаймо ҳангоми парвоз оташ гирифта, халабонҳо талош кардаанд, ки ба пойгоҳи низомии Шимолӣ баргарданд, аммо натавонистаанд.

XS
SM
MD
LG