Вазорати тандурустии Ғазза, ки таҳти назорати “Ҳамос” аст, рӯзи 12-уми март гуфт, тайи 24 соати охир ҷасади 67 нафарро пайдо карданд.
Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд.
Миср, Қатар ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико талош карданд, ки дар моҳи Рамазон дар Ғазза оташбас шавад, аммо музокирот бенатиҷа анҷом ёфт.
Илова ба ҷанг, буҳрони башарӣ дар Ғазза шиддат гирифта, бахшҳое аз ин шаҳр бо хатари ҷиддии гуруснагӣ рӯбарӯ ҳастанд.