Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамринҳои НАТО омодагӣ ба муқобила бо Русия?


Сарбозони Шветсия
Сарбозони Шветсия

Шветсия рӯзи 7-уми март ба узвияти НАТО пазируфта шуд ва ҳафтаи ҷорӣ дар машқҳои ин паймони низомӣ ширкат мекунад.

Размоиши Паймони Атлантики Шимолӣ дар Аврупо барои пешгирӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолии Русия баргузор мешавад. Шветсия ва Финландия, ду кишвари бетараф, пас аз ҳамлаи Русия ба хоки Украина эълон карданд, ки ба НАТО мепайванданд.

Мақомдорони баландпояи Шветсия барои ниҳоӣ кардани созиши узвият ба Вашингтон сафар карданд. Шветсия узви 32-юми ин созмони низомӣ аст.

Пайвастани ин кишвар ба рӯзҳое рост омад, ки НАТО дар Лаҳистон (Полша) тамрини низомӣ анҷом медиҳад. Тамрини бузургтарини кишварҳои узви ин созмон пас аз Ҷанги сард. Як мансабдори амрикоӣ дар лаҳзаи размоиш дар Лаҳистон гуфт, узвияти Шветсия НАТО-ро қавтиар мекунад.

Дуглас Перри, аз фармондеҳони нерӯҳои НАТО гуфт: "Шветсия артиши бисёр қавӣ дорад. Ин кишвар солҳо шарики Иёлоти Муттаҳида буд, ҳарчанд узвияти Паймони Атлантики Шимолиро надошт. Саноати истеҳсолии дифоии он Амрико ва НАТО-ро қавитар хоҳад кард."

Бо узвияти Шветсия ба НАТО ин созмони низомӣ ба Баҳри Балтик дастрасӣ пайдо хоҳад кард. Минтақае, ки роҳи калидии фурӯши нафти Русия аз инҷо мегузарад ва як флоти баҳриаш низ инҷо ҷойгир аст.

Дар шимоли Лаҳистон, ки дар марзи вилояти Калинингради Русия аст, нерӯҳои низомии кишварҳои гуногун дар канораҳои рӯди Вистула тамрин мекунанд. Ҳадафи асосии машқ озмуни тавоноиҳои низомии НАТО дар ҷанги воқеӣ аст.

Пас аз ҳамлаи Русия ба Украина, НАТО Русияро таҳдид ба Аврупо номид. Мақомдорони НАТО мегӯянд, паёмашон ин аст, ки онҳо омодаи дифоъ аз ҳар кишвари узви созмон ҳастанд.

"НАТО барои ҷилавгирӣ аз ду хатар – таҳдиди Русия ва терроризм – омода мешавад. Он чизе, ки Шумо инҷо рӯшан мебинед, барои муқобила бо таҳдиди эҳтимолии Русия аст. Мо инро бисёр ҷиддӣ медонем. Ин таҳдид моро ба чунин тамрин водор кард. Мехоҳам таъкид кунам, ки мо як созмони дифоӣ ҳастем. Мо барои дифоъ аз кишварҳои узв омода мешавем,” – гуфт Гуннар Бругнер, генерали НАТО.

Омодагӣ ба размоиши кишварҳои узви НАТО замоне сар шуд, ки Русия ба Украина ҳамла кард.

“Рафторҳои Русия дар чанд соли охир ва ҳамлааш ба Украина хатари бузурге барои кишварҳои аврупоист. Пас, мо ҳар рӯз омодагии худро барои муҳофизат аз хоки худ тақвият диҳем. Мо барои қавӣ шудан талош мекунем, дар баҳрҳо, ҳам дар Арктикаву Атлантика тамрин мекунем, то омода бошем ва аз ҳар гуна ҳамлаи эҳтимолии душманони худ пешгирӣ кунем,” – гуфт фармондеҳ Дуглас Перри.

Машқҳои ҳарбии НАТО дар моҳи январи имсол оғоз шуданд ва дар саросари Аврупо то моҳи май идома хоҳанд кард. Шветсия ҳам, ки нав узви комилҳуқуқи ин созмон шуд, ба машқҳои НАТО пайваст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Тамринҳои НАТО омодагӣ ба муқобила бо Русия?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:43 0:00
XS
SM
MD
LG