Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин кишварҳои ғарбиро таҳдид кард


Владимир Путин, президенти Русия
Владимир Путин, президенти Русия

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар паёми солонаи худ ба мардуми кишвараш дар рӯзи 29-уми феврал ҷанги Украина ва бархӯрдаш ба давлатҳои Ғарбро шарҳ дод.

Ӯ ба кишварҳои ғарбӣ таҳдид кард, ки агар ба Украина, нерӯ фиристанд, оқибаташ барои онҳо фоҷиабор хоҳад буд.

Владимир Путин, ки се ҳафта пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ суҳбат мекард, дигарбора ҳамон иддаояшро такрор намуд, ки ҳамла ба Украина зарур буд, чун ҳадафи он муҳофизати истиқлол ва амнияти Русия аст. Ин дар ҳолест, ки Ғарб онро таҷовузи бедалел ба кишвари мустақил меномад.

Ба гуфтаи Владимир Путин, “бо вуҷуди озмоишу талхиҳои ба қавли ӯ “амалиёти махсуси низомӣ” дар Украина мардуми Русия ин интихобро дуруст мешуморанд. Ҳарчанд садҳо нафар барои эътирозашон ба ҷанг дар Украина маҳкум ба зиндон мешаванд.

Русия моҳи феврали соли 2022 ба Украина ҳамла кард ва аз ин ҷанг чанде пеш ду соли расо гузашт.

Владимир Путин дар ҳузури вакилони ҳарду палатаи порлумони Русия, Думаи Давлатӣ ва Шӯрои Федератсия ва дигар меҳмонон сухан меронд. Ӯ дар аввал аз ҷанги Украина гуфт ва кишварҳои ғарбиро ба он муттаҳам кард, саъй доранд, Русияро ба “рақобати таслиҳотӣ” бикашанд ва гӯё Русияро “аз дохил заиф кунанд.”

Ба қавли Путин, Ғарб на танҳо намехоҳад, Русия пешрафт кунад, балки як кишвари дар ҳоли мурдан бошад, вале афзуд, гӯё Ғарб дар ин росто “хато” кардааст.

Аввали ҳамин ҳафта Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса дар як нишасте дар шаҳри Париж гуфт, бо вуҷуди набуди ризоияти комил, набояд ирсоли неруҳои кишварҳои ғарбӣ ба Украинаро сарфи назар кард, то Русия пирӯз нашавад.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Путин дар паёми солонааш ба Ғарб таҳдид кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:03 0:00

Владимир Путин гуфт: “Онҳо дар бораи ирсоли неруҳои НАТО ба Украина гап мезананд. Вале мо тақдири онҳоеро дар ёд дорем, ки замоне ба кишвари мо нерӯ фиристода буданд. Оқибати кори мудохилагарон фоҷиабортар аз гузашта хоҳад буд.”

Паёми Владимир Путин пеш аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ироа шуд, ки қарор аст, рӯзҳои 15-17-уми март сурат бигирад ва Кремл умедвор аст, ки онро ҳамчун шаҳодати ҳимояти саросарӣ аз Владимир Путин ва ҳамлаи Русия ба Украина нишон бидиҳад.

Интихоботи Русия сахт зери назорати ҳукумат сурат мегирад ва онро шаффофу одилона намеҳисобанд, чун рақиби воқеие аз мухолифон дар он дар баробари Путин ширкат намекунад.

Иттиҳоди Аврупор гуфтааст, ба ҳеч ваҷҳ натиҷаҳои онро эътироф нахоҳад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG