Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Байден гуфт, Путин подоши амалашро мебинад


Ҷо Байден ва Владимир Путин
Ҷо Байден ва Владимир Путин

Ҷо Байден, президенти Амрико бастаи нави таҳримҳо алайҳи Русияро барои марги Алексей Навалний, мухолифи Владимир Путин эълон кард.

Ба ин тартиб, шумораи таҳримҳо алайҳи Русия аз оғози ҷанги ин кишвар дар Украина аз 500 гузашт.

Ҳамзамон Ҷо Байден, президенти ИМА аз Маҷлиси Намояндагони ин кишвар хост, ки ба бастаи кӯмакҳо ба Украина барои муқобилияташ бо Русия ризоият диҳанд.

Кохи Сафед дар хабарномае аз қавли Ҷо Байден гуфтааст, ки ин таҳримҳо алайҳи шахсоне, ки дар боздошту зиндонӣ кардани Навалний даст доранд ва бахши моливу саноати ҳарбии Русия рабт дорад.

Байден таъкид кард, ки таҳримҳо "кафолат медиҳанд, ки Путин нархи хеле баланд барои таҷовузаш ба кишвари хориҷӣ ва фишору саркӯб дар дохили ин ҷумҳурӣ мепардозад."

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки Вашингтон нисбат ба 100 ширкате низ, ки дар давр додани таҳримҳо ба Русия кӯмак кардаанд, маҳдудият ҷорӣ кардааст.

Ба қавли Байден, ҳамчунин дар мавриди кам фоида дидани Русия аз манобеи энержӣ низ чора андешида шудааст.

“Ман ба ҳукумат дастур додам, ки аз ҷомеаи шаҳрвандӣ, расонаҳои мустақил, дар умум ба онҳое, ки барои демократия дар ҷаҳон мубориза мебаранд, кумак кунанд,”-гуфтааст Байден.

Президенти Амрико аз Путин барои ҷангаш дар Украина низ танқид кардааст. Ба гуфтаи ӯ, Путин гумон доштааст, ки ба осонӣ метавонад рӯҳи мардуми озодро шикаст диҳад, вале украиниҳо бо рӯҳияи қавӣ барои ҳимояи ватанашон истодагарӣ карданд.

"НАТО қавитар, бузургтару муттаҳидтар аз гузашта шуд,"--гуфтааст ӯ.

Раҳбари ИМА гуфтааст, ки Амрико ва кишварҳои дӯсташ омодаи кумак ба Украина ҳастанд ва ҳоло дарк мекунанд, ки низомиёни украинӣ камбуди силоҳ доранд.

Кумаки молии Амрико ба Украина дар ҳаҷми 60 миллиард доллар бо сабаби мухолифати вакилони Сенати ИМА тасдиқ нашудааст.

Байден ҳушдор додааст, ки дер кардан дар расонидани силоҳу муҳимот ба Украина ин кӯмак ба Путин аст.

Байден рӯзи 22-юми феврал дар Калифорния бо ҳамсар ва духтари Алексей Навалний вохӯрд. Ӯ аз Навалний барои шуҷоату мардонагиаш тавсиф кард ва гуфт, ки барои марги ӯ таҳрими нав эълон хоҳад кард.

Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифони Русия, ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, рӯзи 16-уми феврал даргузашт. Ҳанӯз ҷасади ӯро ба наздиконаш надодаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG