Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дурбинҳо шаби пас аз марги Навалний чиро сабт карданд?


Дурбинҳо шаби баъд аз марги Навалний чиро сабт карданд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:02 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Хабаргузории мустақили “Mediazona” навори дурбинҳои назоратиро ба даст овардааст, ки чӣ гуна корвони мошинҳои пулис шаби баъд аз марги Алексей Навалний аз зиндон берун мешаванд.

Ин навор шаби 16 ба 17-уми феврал дар шоҳроҳе сабт шудааст, ки шаҳри Лабитнанги ва Салехардро дар Арктикаи Русия ба ҳам мепайвандад.

Мухолифи сарсахти ҳукумати Русия дар Лабитнанги, шаҳре дар минтақаи мухтори Ямало-Ненетс зиндонӣ буд.

Салехард ҷоест, ки гуё ҷасади Навалнийро дар сардхонаи онҷо нигаҳ медоранд.

Алексей Навалний, раҳбари зиндонии мухолифони Русия, ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, рӯзи 16-уми феврал даргузашт.

Бо вуҷуди дархостҳои батакрор, ҷасади ӯро ҳанӯз ба пайвандонаш надодаанд.

XS
SM
MD
LG