Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби беш аз 67 ҳазор шаҳрванди Русия аз Кумитаи тафтишот


Мақомоти Русия гуфтанд, Алексей Навлний рӯзи 16-уми феврал дар зиндон даргузашт
Мақомоти Русия гуфтанд, Алексей Навлний рӯзи 16-уми феврал дар зиндон даргузашт

Ба гузориши “Meduza”, зиёда аз 67 ҳазор шаҳрванди Русия аз Кумитаи тафтишоти ин кишвар хостаанд, ки ҷасади сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалнийро ба хонаводааш бисупоранд.  

Ташаббусро гурӯҳи ҳуқуқи башари OVD-Info оғоз кардааст.

Хабари марги мунтақиди сарсахти Кремл ва президент Владимир Путин дар зиндоне дар минтақаи дурдасти Арктикаи Русия рӯзи 16-уми феврал эълон шуд.

Тарафдоронаш аз он хашмгинанд, ки мақомоти Русия то ҳол ҷасади ӯро ба хонаводааш насупоридаанд. Мақомот мегӯянд, таҳқиқ ҳанӯз идома дорад.

Иттиҳоди Аврупо хоҳони таҳқиқи мустақилонаи марги Алексей Навалний шуд.

Ҳамсараш, Юлия Навалная, ки дар хориҷ аз Русия қарор дорад, рӯзи 19-уми феврал президент Путинро ба марги шавҳараш гунаҳкор кард ва қавл дод, ки ба мубориза идома хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG