Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулиси ИМА як марди узбекро барои захмӣ кардани ҳамсараш парронд


Як зодаи 46-солаи Узбекистон, ки дар Ню-Йорки ИМА ҳамсарашро бо корд захмӣ кард, аз сӯи пулис парронда шуд. Дар ин бора нашрияи The New York Post хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Ҷамшед Неъматов ҳамсараш Амира Неъматоваро дар чорабинии бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии зан дар пайи ҷанҷоли хонаводагӣ корд задааст.

Пулис ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, аз Ҷамшед Неъматов талаб кардааст, то кордро гузорад, вале мунтазири аксуламалаш нашуда, парондааст.

Ҷамшед Неъматов ҷон бохта, ҳамсараш ҷарроҳӣ шудааст.

Онҳо чаҳор фарзанд доранд.

XS
SM
MD
LG