Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани ду шаҳрванди Қазоқистон дар Русия


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи тирпаронӣ бо маъмурони Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) дар вилояти Калуга субҳи 7-уми март ду шаҳрванди Қазоқистон кушта шудааст.

Канали "ASTRA" дар паёмрасони Телеграм навишта, ки шаҳрвандони 35-сола ва 32-солаи Қазоқистон 28-уми феврали имсол вориди Русия шуда, гуё мехостанд дар ин кишвар ҳамлаи террористӣ анҷом диҳанд.

Манбаъ кушташудаҳоро узви "Вилояти Хуросон", як шохаи гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" номидааст.

Қаблан ФСБ хабар дода буд, ки аз як ҳамлаи террористӣ дар Русия пешгирӣ кард. Ба иттилои хадамоти махсуси Русия, онҳо ҳангоми муқобилият нишон додан дар вилояти Калуга кушта шуданд.

Аз маҳалли зисти кушташудаҳо силоҳ ва лавозимот барои сохтани маводи тарканда пайдо шудааст.

Кушта шудани шаҳрвандони Қазоқистонро Кумитаи амнияти миллии ин кишвар низ тасдиқ кард. Кумита гуфт, якҷоя бо ФСБ ҳодисаро таҳқиқ мекунад.

XS
SM
MD
LG