Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар як таркиш дар Пешовари Покистон ду нафар кушта шудааст


Дар пайи таркиши як мотосикли бомбгузоришуда, дар шаҳри Пешовари Покистон ду тан ҷон бохта, як нафар маҷрӯҳ шудааст.

Ҳодиса субҳи имрӯз рух дод. Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс, бо истинод ба Кошиф Аббосӣ, як афсари пулиси Пешовар навиштааст, ки дар мотосикл 4-5 кило маводи мунфаҷира ҷой карда шуда буд.

Масъулияти таркишро то ҳол ҳеҷ гурӯҳ бар ӯҳда нагирифтааст.

Пешовар маркази вилояти Хайбар Пахтунхва аст ва дар сарҳад бо Афғонистон ҷойгир аст. Дар чанд соли ахир ин шаҳр шоҳиди чанд ҳамлаи маргбор шудааст.

XS
SM
MD
LG