Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Нигерия ҷустуҷӯи беш аз  280 кӯдаки рабудашуда идома дорад


Фиғони модаре, ки фарзандаш ба дасти рабояндагон афтодааст
Фиғони модаре, ки фарзандаш ба дасти рабояндагон афтодааст

Дар Нигерия ҷустуҷӯи 280 мактабхоне идома дорад, ки рӯзи 7 март аз ҷониби даҳҳо афроди мусаллаҳ рабуда ва ба макони ношинос бурда шуданд. Шумори  онҳо беш аз 300 нафар буд, вале чанде тавонистанд фирор кунанд ё раҳо шаванд.

Ҳоло шумори кӯдакони нопадидшуда 286 нафар дониста мешавад. Мудири мактаб гуфт, ки як нафар ҳангоми талоши наҷоти кӯдакон кушта шуд.

Онҳое, ки раҳо шуданд, гуфтанд, ки тахминан панҷоҳ марди мусаллаҳ ба ҳаво тир холӣ карда вориди мактаб шуданд. Полис ҳоло ҷангалу маконҳои эҳтимолии пинҳоншавии рабояндагонро ҷустуҷӯ дорад.

Президенти Нигерия Бола Тинубу ба хадамоти амният ва ҷосусии кишвараш амр дод, ки кӯдаконро пайдо ва адолатро барқарор кунанд.

Сокинони деҳаи Курига дар шимолу ғарби Нигерия, ки мактаб он ҷо ҷойгир аст, нақл карданд, ки полис бо таъхири чандинсоата баъди рабуда шудани кӯдакон ба мактаб расид.

Дар Нигерия ҳодисаҳои одамрабоии гурӯҳӣ аз ҷониби афроди мусаллаҳ нав нест. Соли 2014 дар ҳамин деҳаи Куригаи Нигерия гурӯҳи ифротии «Боко ҳарам» 270 духтари мактабхонро бо худ бурд ва то имрӯз 98 нафари онҳо дар асорат боқӣ мемонанд. Бархеро маҷбур мекунанд, ки ба рабояндагонашон ҳамсар шаванд, бархе бо кӯдак дар даст ба хонаи волидон баргаштаанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки рабоиши ахирро кӣ анҷом додааст. Associated Press ва Reuters навиштанд, ки ҳамакнун аз шеваи одамрабоӣ бо ҳадафи тамаъкорӣ гурӯҳҳои ҷиноӣ ҳам истифода мекунанд, ки ҳеҷ ҳадафи идеологӣ надоранд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG