Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости раҳоии Кубатбек Юлдошев аз зиндони Тоҷикистон


Султонбой Ойҷигитов
Султонбой Ойҷигитов

Султонбой Ойҷигитов, вакили порлумони Қирғизистон, рӯзи 7-уми март аз мақомоти кишвараш хост, барои озодии як ҳамватанаш, ки дар Тоҷикистон зиндонист, мадад кунанд.

Ба гуфтаи Ойҷигитов, шаҳрванди пешини Тоҷикистон Қубатбек Юлдошев моҳи августи соли 2022, баъд аз дарёфти шаҳрвандии Қирғизистон, барои зиёрати волидон ба Исфара рафт, вале ба гумони ҷосусӣ дастгиру зиндонӣ шуд.

"Дар моҳи сентябри ҳамон сол дар сарҳади ду кишвар низоъ рух дод. Мақомоти Тоҷикистон шаҳрванди моро ба ҷосусӣ муттаҳам карда, 13 сол ба зиндон андохтанд. Ӯ ҳоло дар маҳбас аст. Ба ҷосусӣ ҳеч иртибот надорад. Танҳо қурбони ҳамон ҳодиса шуд,” – гуфт ӯ.

Наздикони Кубатбек Юлдошев аз вакили порлумони Кирғизистон дархости кумак кардаанд.

Ӯ дар навбати худ аз Вазорати корҳои хориҷӣ, Кумитаи амнияти миллӣ ва ваколатдори ҳуқуқи инсони Қирғизистон хоҳиш кард, ки барои раҳоии Қубодбек аз зиндоне дар Тоҷикистон ёрӣ диҳанд.

Муовини раиси порлумони Қирғизистон Нурбек Сидигалиев аз ниҳодҳои дахлдори он кишвар хостааст, масъаларо баррасӣ кунанд.

Дар пайи муноқишаҳои хунин дар солҳои 2021 ва 2022, ки аз ду тараф даҳҳо кушта ба ҷой гузошт, муносибати Тоҷикистон ва Қирғизистон ба сардӣ гароид.

То ин дам, ду ҷониб дар дохил ва хориҷ, аз ҷумла Русия, чанд шаҳрванди кишварҳои ҳамсояи хешро дастгиру маҳкум кардаанд ва ё ба ҷустуҷӯ додаанд.

XS
SM
MD
LG