Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси пешини Андиҷон дар зиндон фавтидааст


 Баҳром Ҳайдаров
Баҳром Ҳайдаров

Раиси пешини вилояти Андиҷони Узбекистон Баҳром Ҳайдаров, ки барои азхудкунии пулди буҷет аз озодӣ маҳрум шуда буд, дар зиндон фавтидааст.

"Интизор меравад, маълумоти пешакӣ дар бораи сабабҳои марги Баҳром Ҳайдаров дар зудтарин фурсат эълом шавад", - хабар додаанд расонаҳои маҳаллӣ бо истинод ба Додситонии кулли Узбекистон.

Сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Узбекистон Шохрух Ғиёсов гуфтааст, раиси пешини вилояти Андиҷон бар асари бемории қалб фавтид.

Додгоҳи вилояти Фарғонаи Узбекистон 27-уми декабр Баҳром Ҳайдаровро дар "Азхудкунӣ", "Сохтакорӣ" ва "Қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ" айбдор дониста, 10 сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ҳайдаров ҳамчунин аз ҳаққи кор дар вазифаҳои масъул, молиявӣ ба муҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум ва 85 миллиону 750 ҳазор сӯм (7,6 ҳазор доллар) ҷарима шуда буд.

Додситонии кулли Узбекистон гуфта буд, ки Ҳайдаров дар мансаби пешинаш – сардори бахши молии вилояти Андиҷон – бо зердастонаш аз буҷети вилоят 4,34 миллион долларро ғорат кардааст.

XS
SM
MD
LG