Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирони узбек ҳукумати Амрикоро дар табъиз муттаҳам мекунанд


Сарҳади Мексика ва Амрико. Акс аз бойгонӣ
Сарҳади Мексика ва Амрико. Акс аз бойгонӣ

Беш аз 30 шаҳрванди Узбекистон, ки тариқи Мексика ғайриқонунӣ ба Амрико рафта, ҳоло дар марказҳои муҳоҷиратӣ дар ҳабс ҳастанд, ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаро дар табъиз алайҳи худ муттаҳам мекунанд.

Ин муҳоҷирони узбекистонӣ, ки 35 кас ҳастанд, ба зидди ҳукумати ИМА ба додгоҳи Ню-Ҷерсӣ шикоят кардаанд. Онҳо маъмурияти президенти Амрикоро дар табъиз алайҳи муҳоҷирони узбекистонӣ муттаҳам мекунанд.

Ба гуфтаи даъвогарон, боздошту нигаҳдории онҳо дар марказҳои муҳоҷиратӣ бар пояи табъизи қавмӣ сурат гирифтааст. Онҳо талаб доранд, ки қарори ҳабсашон ғайриқонунӣ эълом ва ҳаққи кори вакилони дифоашон ҷуброн карда шавад.

“Агар муҳоҷир барои мондан дар Амрико асос дошта бошад ва агар онҳо ба суханони муҳоҷир бовар кунанд, ӯро раҳо мекунанд, вале муҳоҷирони узбекистонӣ бо вуҷуди асос доштан озод намешаванд. Ин яке аз он қонуншиканиҳо нисбат ба узбекистониҳо мебошад,” -- гуфтааст вакили дифои муҳоҷирон Абадир Барре.

Ба гуфтаи вакил, ҳукумати Амрико то ҳол пурзӯр кардани назорати муҳоҷирони узбекистониро то ҳол шарҳ надодааст.

Тибқи иттилои марказҳое, ки дархостҳои паноҳандагиро дар Амрико пайгирӣ мекунад, дар ҳоли ҳозир дастикам 40 ҳазор шаҳрванди Осиёи Марказӣ, аз ҷумла 17 ҳазор узбекистонӣ дар Амрико мунтазири мурофиаи додгоҳии худ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG