Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Суперсешанбе". Як маъракаи муҳими пеш аз интихобот дар Амрико


Доналд Трамп ва Ҷо Байден
Доналд Трамп ва Ҷо Байден

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар остонаи як маъракаи муҳими пеш аз интихоботи президентӣ қарор дорад: "Суперсешанбе".

Рӯзи 5-уми март дар 15 аёлати Амрико ва, инчунин, ҷазираҳои Самоа бо овоздиҳӣ исми номзадҳои асосии интихобот аз Ҳизби Демократ ва Ҳизби Ҷумҳурихоҳро маълум хоҳад кард.

Ҷо Байден аз Ҳизби Демократ ва Доналд Трамп аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ умед доранд, ки номзади расмии интихобот мешаванд.

Рӯзҳои истироҳати гузашта довталабон рақибони худро барои камбудҳо танқид карда, бори дигар барномаҳояшонро таблиғ намуданд. Никки Ҳейлӣ, сафири пешини Амрико дар Созмони Милал ва довталаб аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, гуфт, муҳлати ширкати ӯ ба хости овоздиҳандагон рабт дорад.

"Тамаркузи мо бояд сари эҳтироми пули андозсупорандаҳо ва коҳиши теъдоди аъзои ҳукумат равона шавад. Бояд амнияти сарҳадҳо ва риояи қонуну тартиботро таъмин кунем," – афзуд ӯ.

Яке аз мавзуъҳои муҳим барои президенти пешин Доналд Трамп масъалаи муҳоҷирон аст.

Вай гуфт: "Дигар набояд ҳеч як амрикоии бегуноҳ аз ҷинояти муҳоҷирон ҷонашро аз даст диҳад. Пеши инро бояд гирифт. Шумо бояд овоз диҳед, чунки рӯзи 5-уми ноябр ба мо овози бисёр лозим мешавад. Онҳо бояд бидонанд, ки мо як қатораи сангин ҳастем ва касе пеши роҳи моро гирифта наметавонад.”

Рӯзи ҳалкунанда барои интихоботи президентии ИМА
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:54 0:00

Президент Ҷо Байден ҳафтаи гузашта дар сарҳади Техас буд. Ӯ Трампро ба он муттаҳам кард, ки монеи тарҳи қонуни нави амнияти сарҳадҳо шуд.

Ҳамсараш, Ҷилл Байден, рӯзи шанбе ба мавзӯи муҳими дигар – ҳаққи занон барои таваллуд – таваҷҷуҳ намуд. Бонуи аввали Амрико гуфт: "Ӯ мехоҳад исқоти ҳамлро дар кишвар манъ кунад. Доналд Трамп барои занҳову оилаҳои мо хатарзо аст. Мо набояд иҷоза диҳем, ки ӯ баранда шавад.”

Байден барои намояндагии ҳизбаш дар интихобот ҳама шонс ё имконро дорад. Барои Трамп тарафдории дастикам 1215 овози вакилони ҷумҳурихоҳ лозим аст, то ки номзад шавад.

XS
SM
MD
LG