Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Трамп гуфтааст, агар пирӯз шавад, ба ҷанги Украина хотима медиҳад


Доналд Трамп, раиси ҷумҳури собиқи Амрико
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури собиқи Амрико

Бино ба гузориши хабаргузории “Блумберг”, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури собиқи Амрико гуфтааст, қасд дорад, дар сурати пирӯзиаш дар интихоботи оянда  ба Русияву Украина фишор биёрад, то ҷангро бас кунанд.

Хабаргузорӣ навиштааст, ки ин иттилоро аз атрофиёни Доналд Трамп ба даст овардааст. Номзади асосии Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Амрико ба мақоми раиси ҷумҳур борҳо гуфтааст, ки дар сурати пирӯзиаш ҷанг дар Украинаро дар фурсати кӯтоҳе қатъ мекунад.

Манобеи “Блумберг” гуфтаанд, Трамп ният дорад, ба Украина фишор биёрад, то сари мизи музокирот бо Русия биншинад, вагарна фиристодани аслиҳа ба Киевро қатъ мекунад. Раиси ҷумҳури собиқи Амрико аз ҳоло вакилони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар Конгрессро ташвиқ дорад, ки бастаи кӯмакӣ ба Украинаро тасвиб накунанд.

Ба қавли атрофиёни Трамп, ӯ мехоҳад, ба Русия бигӯяд, ки агар ҷангро бас намекунад, пас Украина аз Амрико кумаки бештар мегирад ва таҳримот ба зидди Русия ҳам зиёд мешавад. Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия чанде пеш ба хабарнигори телевизиони “Россия 1” гуфт, ки ӯ бартарӣ медиҳад, то раҳбари Амрико Ҷо Байден, раиси ҷумҳури феълӣ бимонад, на Доналд Трамп, зеро ба қавли Путин, рафтори Ҷо Байден ҳамчун сиёсатмадор бештар қобили пешбинӣ аст.

XS
SM
MD
LG